Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор меҳмонхонаи навро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода доданд.
Бинои меҳмонхонаи «Таҳмина» аз 4 ошёна иборат буда, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019 -2021 бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд карда шудааст.
Иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 3 люкс буда, бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро дода шуда, бо тамоми шароити истироҳату фароғат таъмин мебошад.
Меҳмонхонаи навбунёд имкони қабули 25 нафар мизоҷ дар як вақтро доро аст.
Иншооти муосири хизматрасонӣ ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 кас бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.









Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






