Саидбек Сатторов: Марҳилаи дуюми ваксина бар зидди COVID-19 бояд шаш моҳ пас аз марҳилаи аввал сурат гирад

Сентябрь 20, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваксинатсияи такрорӣ, яъне реваксинатсия бояд шаш моҳ  пас аз марҳилаи аввал гузаронида шавад, гуфт мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба зикри мавсуф, марҳилаи аввали ваксина аз 2 воя иборат буда,  дар марҳилаи  такрорӣ 1 воя ваксина басанда мебошад.

«Ваксина ду маротиба гузаронида мешавад. Вақте ки ваксинаи якум ворид карда мешавад, дар бадани инсон як хотира пайдо мешавад, вале он қудрати масуният пайдо кардан надорад.  Ҳангоми ворид кардани ваксинаи дуюм якбора миқдори  зиёди антителаҳо пайдо мешавад. Аз ин рӯ вояи дуюми ваксина ба хотири ташаккул додани масунияти пурқувват гузаронида мешавад. Мутобиқи пешниҳодҳои мутахассисони марказҳои илмӣ – тадқиқотие, ки  ваксинаҳоро коркард ва барои қабул пешниҳод мекунанд, вояи дуюм бояд баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта шавад, зеро масуният дар бадан пас аз се ҳафта ташаккул меёбад»,- афзуд  Саидбек Сатторов.

Ба тавсияи  мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки гирифтори бемории COVID-19 мешаванд, бояд пас аз шаш моҳ ваксина карда шаванд. Ба андешаи  бархе аз мутахассисон, пас аз бемор шудан як воя ваксина гирифтан кофӣ аст. Вале бархе аз мутахассисони дигар бар он назаранд, ки бояд 2 воя ваксина гиранд.

Дар Тоҷикистон ваксиназании марҳилавӣ бар зидди COVID-19 22 марти соли равон оғоз шуд. Аввали моҳи июли имсол Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 эълом дошт, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Ваксина ягона роҳи боэътимоди пешгирии сироят ё ҷараёни мураккаби беморӣ мебошад,

Ёдовар мешавем, ки ваксинагузаронӣ барои шахсони то 18-сола, занони ҳомиладор ва дорои кӯдакони ширмак, нафароне, ки бетаҳаммулии инфиродӣ ба ҷузъҳои ваксина, авҷгирии бемориҳои музмин ва бемориҳои шадиди сироятӣ доранд, иҷоза дода намешавад.

АКС: аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид