Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 21, 2021 07:45

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ба истифода супориданд.

Шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб барои беморон мебошад.

Дар иншооти нави соҳаи тандурустӣ барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар шафати Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш ҷойгир буда, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, хусусан «Ковид-19» бунёд гардидааст. Дар шуъбаи мазкур ҳуҷраҳои муоина, доругузаронӣ ва бистаринамоӣ мавҷуд буда, табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ҳангоми шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истифодаи босамари дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор ба беморон ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ҳангоми фаъолият бо беморон, пеш аз ҳама, муомилаи хуб дошта бошанд.

Акнун табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ, ки дар ин ҷо насб гардидааст, фаъолият намуда, ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, бахусус дар ноҳияи Лахш дастовардҳо назаррасанд. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар карда шавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Лахш дар баробари беморхонаи марказӣ 6 беморхонаи минтақавӣ мавҷуд аст, ки 261 нафар мутахассиси соҳа ба 57 ҳазору 130 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Давоми ду соли охир Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш соҳиби ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи фаросавтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил ва ултрасадо, дастгоҳҳои ҷарроҳию эҳёгарӣ ва дигар таҷҳизоти муосири соҳавӣ мебошад. Бинои нави шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Лахш дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд