Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази саломатии шаҳрии Хоруғ баъд аз таъмири асосӣ шинос шуданд

Сентябрь 29, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба Маркази саломатии шаҳрӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он баъди таъмиру навсозии пурра шинос шуданд.

Маркази саломатии мазкур аз соли 1987 бунёд шуда, бо гузашти солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ин муассисаи муҳими иҷтимоӣ — хизматрасонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, пурра навсозӣ гардид.

Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расиданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосиру зебо навсозӣ ва бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Маркази саломатӣ дорои 41 ҳуҷраи корӣ ва хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 117 мутахассиси соҳаи тиб фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар бинои навсозишуда 16 камераи назоратӣ насб карда шуда,  фаъолияти бонизому бенуқсони кормандони марказ тавассути онҳо назорат мегардад.

Муассисаи соҳаи тандурустӣ дорои ду шуъбаи тибби оилавӣ, маркази иммунизатсия, бемориҳои кӯдакона, шуъбаи ташхис, машварати тиббӣ, педагогӣ-психологӣ, ҳуҷраи сабти барқи дил, рентгени рақамӣ, сабти ҳуҷҷатҳо, ҳуҷраи асаб ва сабти майнаи сар, ҳуҷраи бронхоскопия, ултрасадои доплерӣ, ҳуҷраи хатна, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ, ошхона ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Иншооти тандурустӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ба аҳолии шаҳр ва сокинони дигар ноҳияҳои вилоят хизмати саривақтии тиббию профилактикӣ мерасонад.

Мавриди таҷдиду навсозии куллӣ қарор гирифтани иншоот барои аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он имконият ва шароити мувофиқу муосири хизматрасонии тиббӣ фароҳам овард ва барои 11 ҷойи кории нав ба ҳайати кормандони соҳа замина гузошт.

Навсозию пурра таъмир ва замонавӣ гардондани Маркази саломатии шаҳриро тамоми кормандони соҳаи тибби вилоят бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб ва солимии ҷомеа арзёбӣ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Маркази саломатии шаҳри Хоруғ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи босамари имконият ва шароити мувофиқи тиббӣ ва хизматрасонии босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Боздид аз бинои Маркази саломатии шаҳрии Хоруғ баъд аз таъмири асосӣ 29.09.2021

Сентябрь 29, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид