Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Сентябрь 15, 2021 19:26

ДУШАНБЕ, 15.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Инчунин, давоми як шабонарӯзи охир 4 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 15 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2021 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Фарҳод Раҳимӣ: «Дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли ба амал омаданашон низ кам аст»
Имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд
23 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ доир ба вазъи об ва боду ҳавои Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад
«ҲАФТ СИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ, файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад
22 МАРТ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон сарзамини саршор аз об ва ташаббусҳои глобалист
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ! Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соати 02:30-и 21 март Наврӯз ба Тоҷикистон фаро расид
НАВРӮЗ, МОДАРИ ТОҶИК ВА СИМОИ МИЛЛӢ. Дар ин баҳори хуҷастапай на фақат табиат, балки ҳунар низ гул кардааст
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд
Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
«Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад!». Корвони идона ба сокинони шаҳри Душанбе навиди фарорасии иди аҷдодиро мерасонад
Бо дастури Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон автобусҳои мусофирбар фиристода шуд