Соҳибкорон ва сармоягузорони турк барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркияи назди Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Ҷаҳонгир Саатчиоглу 26 август дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, инчунин аҳамияти баргузории форуму нишастҳои тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки миёни ду кишвар иқтидори зиёд дар рушди ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ мавҷуд мебошад ва бинобар ин аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони туркӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд






