ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС БА СОҲАТ РАСИД. Ба гуфтаи вирусологи тоҷик Саидбек Сатторов, ин ҳолат моҳи август рух дода буд, ҳоло ин беморӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳон аз рӯи паҳншавии коронавирус ба соҳат расидааст, аммо дар минтақаҳо ҳолатҳои мухталиф мушоҳида мешаванд. Дар ин бора коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Мария ван Керкхове 7 сентябр зимни пахши онлайнии саволу ҷавоб бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар кард.
Ба гуфтаи донишманди тоҷик, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов, Тоҷикистон аз рӯи паҳншавии коронавирус 20 август ба сатҳи соҳат расида буд ва он аввали моҳи сентябр ба охир расид.
«Мувофиқи ҳисобҳои ман, ҳоло ҳолати паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ мӯътадил буда, рӯ ба коҳиш аст. Инро метавон натиҷаи хуб арзёбӣ намуд. То ин дам, омор пайваста рӯ ба афзоиш буд. Ҳар рӯз тақрибан аз 40 то 46 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта мешуд. Аз аввали моҳи сентябр ин шумора коҳиш ёфт. Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр, аллакай аз 20 то 29 нафар гирифторон ба коронавирус ба қайд гирифта мешуданд ва ҳоло он хеле камтар аст», — гуфт ӯ.
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 10 сентябр дар кишвар 12 нафар бо коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи пешгӯиҳои Саидбек Сатторов, минбаъд шумораи гирифторон бояд коҳиш ёбад.
Таҳти мафҳуми «расидан ба соҳат» (плато/plateau) такроршавии шумораи сироятҳои нав фаҳмида мешавад. Яъне, шумораи сироятҳои нав муддати тӯлонӣ бетағйир боқӣ мемонад ва пасон коҳиш меёбад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






