31 нафар даъватшавандагон дар шаҳри Норак соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд

Октябрь 2, 2021 09:59

НОРАК, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки масъулин ва сокинону падару модарони даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Дар ин ҷамъомад раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба падару модарони наваскарон барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастонаи ҷавонон сабаб гардид, ки ҷавонони шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ  ихтиёрӣ ба сафи артиши миллӣ шомил гарданд.

31 нафар ҷавонони даъватшавандае, ки бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд, дар ин рӯз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш барои болидарӯҳии навдаъватон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона манзур гардид.

 

АКС: МИҲД шаҳри Норак

Октябрь 2, 2021 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид