ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 1.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир буда, таъмири бинои он яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Масъулини ин сохтори шаҳрӣ корҳои таъмириро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода, 30 сентябр намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо шароити кору хизматрасонии бинои мазкур дар шаҳри Душанбе баъди таъмир шинос шуданд.
Бинои мазкур ба хотири беҳтарсозии шароиту имконияти фаъолияти кормандони он таъмир ва навсозӣ шудааст. Бинои ин раёсат аз 14 ҳуҷраи корӣ, роҳрав ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, аз ҷониби ҶДММ «Сафархон» таъмир гардидааст.
Ҳоло кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба 12504 нафар нафақагирони ноҳия хизмат мерасонанд. Дар баробари ҳуҷраҳои корӣ, ҳамзамон роҳраву утоқҳои иловагӣ ва саҳну атрофи бино низ таъмир гардидаанд.
Инчунин дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои истиқоматии бисёрошёна дар кӯчаи Борбад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Байтулло сохтмон» буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъ мебошад. Бинои мазкур дорои 140 ҳуҷраи алоҳида мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои истиқоматӣ дар асоси нишондоди қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Азимов барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тафаққуфгоҳи нақлиётӣ дар таҳхонаи онҳо дар заминаи иншооти хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Борбад ½» сохта шудааст.
Ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва зебо намудани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид






