Ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба «афви муҳоҷиратӣ» дохил шудаанд

Октябрь 14, 2021 13:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Русия 300 ҳазор муҳоҷир мавриди афв қарор гирифтанд, ки нисфи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нимаи дигар шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Акнун онҳо метавонанд барои кор ба Русия баргарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 Ба гуфтаи коршиносон, ин тасмим бинобар нарасидани коргарон дар мамлакат гирифта шудааст.

«Тавассути музокироти тӯлонӣ ва хеле мураккаб мо тавонистем дар бораи афви 150 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 150 ҳазор шаҳрванди Узбекистон тавофуқ кунем»,-хабар дод президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

Ҳамзамон ӯ тавзеҳ дод, ки агар шахс аз ҷониби суд аз кишвар хориҷ шуда бошад, пас ӯ, бешубҳа, мавриди афв қарор нагирифтааст. Агар ин мамнӯъиятро Вазорати корҳои дохилӣ гузошта бошад, пас эҳтимоли дохил шудан ба афв вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси муҳоҷиратии портали migrant.mobi Насим Абдуллоев, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки Русия ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад. Аз сабаби норасоии коргарон дар бахшҳои сохтмон ва кишоварзӣ бозистии шадиди корҳо оғоз ёфт. Бисёр корхонаҳо муфлис шуданд, бинобар ин ҳоло онҳо кӯшиш доранд, ки бо ҳар роҳ муҳоҷиронро ба кишвар ворид кунанд.

«Тааҷҷубовар аст, ҳатто он шахсоне, ки барои 10 сол вурудашон ба ин давлат манъ шуда буд, мавриди авф қарор гирифтаанд. Ин ҷазои нисбатан вазнин аз ҷониби давлат аст»,-гуфт Абдуллоев.

Коршинос оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва раиси шӯрои коршиносони КҶ «Аксиома» Дмитрий Исповедников бо чунин ақида мувофиқ аст, ки ин тасмим мустақиман ба норасоии қувваи корӣ марбут аст, хусусан дар мавриди Вазорати сохтмон. Гузашта аз ин, тибқи барномаи ҷалби муташаккилона барои иншооти сохтмонӣ ҳоло 10 ҳазор нафарӣ ворид карда мешаванд.

Омили дигар ба манфиати чунин афрод он аст, ки онҳо аллакай дар Русия кор кардаанд. Ҳоло сухан дар бораи он муҳоҷироне меравад, ки барои ҷиноятҳои ночиз аз кишвар хориҷ карда шудаанд.

«Онҳо аллакай таҷрибаи дар Русия кору зиндагӣ кардан доранд. Онҳо назар ба ҳамтоёни худ, ки чунин таҷриба надоранд, имконияти бештар барои ҳамгироӣ доранд. Агар онҳо тибқи барномаи муташаккилонаи ҷалбкунӣ ворид карда шаванд, ин эҳтимоли такрор шудани баъзе қонуншиканиҳоро коҳиш медиҳад»,-илова намуд Исповедников.

АКС: © Sputnik / Сергей Пивоваров

Октябрь 14, 2021 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд