БМТ ва ХБА барои тасдиқи барномаи нави ислоҳот дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд

Октябрь 9, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар бисёр мамолики олам, аз он ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон, ба нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат бетаъсир намонд. Дар ин хусус дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон  /БМТ/ бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ ва Бонки ҷаҳонӣ сухан рафт, иттилоъ додан аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳамчунин дар мулоқот мусоҳибон  масъалаи татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сиёсати фискалӣ, пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи «COVID-19»-ро  ба иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии кишвар, тадбирҳои амалишударо баҳри бартарафнамоии оқибатҳои он бо истифода аз тамоми имкониятҳо баррасӣ намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода барои идомаи ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, ҷиҳати мусоидати ХБА барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Дастгирии буҷети мамлакат дар доираи механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби ХБА, яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад. Мусоҳибон барои идомаи ҳамкорӣ бо ХБА ва мусоидати ХБА ҷиҳати тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда,  ба мувофиқа расиданд.

АКСҲО аз БМТ

Октябрь 9, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд