Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсия мусобиқаи варзишӣ оғоз шуд

Октябрь 25, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсия миёни дастаҳои шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд   мусобиқаи даставии футбол оғоз гардид, ки дар он 12 даста номнавис шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа бо иштироки роҳбарияти раёсат ва ҳайати дастаҳо  20 октябр дар майдончаи футболи хурди «Варзишгоҳи 20- солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Зимни мусобиқаи дастаҳои шуъбаи ташхиси криминалистӣ ва шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир футболбозони дастаи шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нисбат ба ҳарифон маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бо ҳисоби 8:2 пирузӣ ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, бозӣ миёни дастаҳои шуъбаи кадрҳо ва шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо ҳисоби 3:2 бо ғолибияти шуъбаи кадрҳо хотима ёфт.

Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуда, ҳамарӯза ташкили се бозӣ дар назар аст. Мураббиёни Федератсияи футболи хурди вилояти Суғд ва кормандони минтақавии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаро доварӣ хоҳанд кард.

Мусобиқа дар арафаи Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҷамъбаст шуда, ғолибони он бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: ВКД ҶТ

Октябрь 25, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд