Ду спектакли театри Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрии Русия намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 октябр то 12 ноябри соли равон дар дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии театрии «Фестивали театрҳои русӣ» (Фестиваль русских театров) баргузор мегардад. Дар фестивали мазкур ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковскийи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори театри мазкур Мунира Дадаева.
Ҳунармандони Театри давлатии драмавии русӣ 27 октябр дар Фестивал спектаклҳои «Тартюф»-и Ж.Б.Молер ва «Шабе дар театр»-и А.П. Чехов-ро намоиш медиҳанд.
Театри давлатии драмавии русӣ дар фестивали мазкур ҳамасола дар доираи барномаи «Большие гастроли. Зарубежная программа» ширкат меварзад.
Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо суҳбати «мизи мудаввар» низ баргузор гардад.
АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ








25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард






