«Душанбе – Инвест-2021»- қадами устувор дар самти ҷалби сармоя ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Октябрь 5, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Ҷалби  сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои рушди бахшҳои иқтисодии кишвар аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе – Инвест — 2021» мебошад.

Дар форум масъалаҳои марбут ба пайдо намудани имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот баррасӣ мегарданд.

Форуми «Душанбе-Инвест-2021»  қадами устувор баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва заминаи мусоид барои соҳибкоронест, ки ба пайдо намудани саромоя ниёз доранд.

 

 Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад