Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид

Октябрь 25, 2021 10:23

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор  нафар зиёд аст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд,  дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба 387 ҳазор нафар  мусофир хизмат расонида буд.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолёфта дар  ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6 фоиз ё  583,4 тонна зиёдтар аст. Ҳамзамон дар ин давра тавассути терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Дар масъалаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 69 эрод ворид гардида,  67 эрод қонеъ гардонида шуд.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ –«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ карда мешаванд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони  Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Чин,  Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд. 

           Акс аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2021 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид