ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии даври дуюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Непал оғоз мешавад

Октябрь 27, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои  мунтахаби  ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон бо дастаи Непал баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Як рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони  Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зад.

Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

28 октябр (панҷшанбе)

16:00. Лубнон – Эрон

19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм 

31 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Непал

19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН

Октябрь 27, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд