ФУТБОЛ. «Равшан», «Кӯктош» ва «Истаравшан» дар бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Октябрь 6, 2021 11:16

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардиданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии марказии давр миёни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ғолиб муайян нашуд (0:0). Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  дар майдони худ аз дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан   бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Саидмухтор Азимов дар дақиқаи 62 ба нишон расонид.

Дар бозии дигар дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бар дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Нимаи аввал бидуни гол анҷом ёфт. Далер Шомуродов дар дақиқаи 59 аз пеналтӣ ва Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 62 ду гол зада, ғалабаи дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлобро  таъмин намуданд.

Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи бонкчиҳо панҷ голи беҷавоб заданд ва аз ҷои охир дар ҷадвали мусобиқа як зина боло рафтанд. Насимҷон Маҳмадиев ва Азизбек Султонов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Муҳиддин Одилов ба ҳадаф расонид.

Дастаи КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор дар сафар бар дастаи  футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозингари клуби артиш Абдухалил Боронов дар дақиқаи 38 ҳисобро кушод. Пас аз чор дақиқа восеъгиҳо тавассути зарбаи нишонраси Комрони Мирзохон ҳисобро баробар карданд. Артишиҳо тавассути Фирӯз Бобиев ва Люк Менҷана Леонел ду голи дигар зада, ғалабаи навбатии КМВА-ро таъмин намуданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  21  16  4  1  57-7  52
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  21  13  3  5  43-21  42
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6  6  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  22  9  5  8  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  22  8  5  9  23-27  29
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  22  8  3  11  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

                                                                 АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 6, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид