ИМРӮЗ – РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон аз ин минбари баланд барои истиқрори сулҳу субот дар ҷаҳон саҳм гузоштааст

Октябрь 24, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 24.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 24 октябр Рӯзи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ таҷлил мегардад. Ин сана ба эътибор пайдо намудани  Оинномаи СММ, ки 24  октябри соли 1945 қабул гардид ва аз таъсиси СММ башорат дод, иртибот дорад.  

Фаъолияти СММ инъикоси ташаккули марҳилаи нав дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи асосии он нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, рушди ҳамкории мутақобила дар заминаи эҳтироми усулҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.

Тоҷикистон — узви комилҳуқуқи СММ

29 январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул шуд. 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ иттифоқи оро қабул гардид. Пайвастани кишвар ба Ҷомеаи миллатҳо асоси устуворро барои рушди ҳамкории он бо ташкилот, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии СММ эҳё гардонид.

Дар тӯли давраи таърихан начандон дарозмуддати узвият дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаҳои муайяни ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар кард.

Тавре маълум аст, дар оғоз дар натиҷаи вазъияти дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва субот дар кишвар афзалиятнок буд. Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) — 1 феврали соли 1993 дар Душанбе кушода шуд. Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиёти сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.

Вазифаи асосии Дафтар мусоидат ба густариш ва таҳкими асосҳои сиёсӣ, афзорҳои дохилии сулҳпарварӣ, қобилияти давлату ҷамъият дар пешгириву ҳалли низоъҳоро дар бар мегирифт. 29 январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати узви комилҳуқуқ қабул шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ

Дар  даврони истиқлолият ҳамкории Тоҷикистон бо СММ рушди тадриҷӣ касб намуда, тақрибан тамоми соҳаҳои ҳамкории ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар баробари ҳамкории бевосита бо Созмон муносибатҳо бо сӣ барнома ва муассисаҳои мухсусгардонидаи он ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ раванди сулҳофарӣ, музокироти байни тоҷикон, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, посдории сулҳ ва бозсозии баъдиҷангӣ дар Тоҷикистон бо иштироки фаъоли СММ сурат гирифта, дар заминаи робитаи мутақобила аз моҳи июни соли 2000 Дафтари СММ ба мусоидат ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаи Дафтари сулҳ мусоидат дар инкишоф ва таҳкими асосҳои сиёсӣ, абзорҳои дохилии истиқрори сулҳ бо мақсади таҳкими раванди сулҳофарӣ ва мустаҳкам кардани қобилияти давлат ва ҷомеа ба огоҳсозӣ ва пешгирии низоъҳо ба шумор мерафт.

Дар баробари мусоидат ба ҳамкории ҳукумат бо мухолифон, мусоидат ба барқарор намудани асосҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии кишвар ва ташкили гуфтугӯ бо ВАО яке аз дастовардҳои кори дафтари мазкур ҳамгироии иҷтимоӣ ва мутобиқсозии размандагони собиқ бо ҳаёти осоишта ба шумор мерафт. Дар ин самт Дафтар таъсиси 7 маркази минтақавиро оид пешгирии низоъҳо, қатъи истифодаи усулҳои зӯроварӣ, ҳуқуқҳои инсон ва ноҳияҳое, ки махсусан аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ осеб дидаанд, дастгирӣ намуд.

Моҳи августи соли 2007 Дафтари мазкур фаъолияти худро дар Тоҷикистон муваффақона ба анҷом расонд. Даҳҳо иштрокчиёни ин намояндагӣ бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Таҷрибаи оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба дастгирии Созмони Милали Мутаҳид ва давлатҳои кафил намунаи беназири дипломатияи боздоранда мебошад ва онҳоро мебояд дар кишварҳое, ки низоъҳои дохилӣ ҷараён доранд, истифода кард. Ҳамзамон шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин бор ба қувваҳои байналхалқии сулҳпарвари Созмони Милали Мутаҳид шомил гардиданд ва дар дасрасӣ ба сулҳу субот дар дигар кишварҳо саҳм гузоштаанд»,-изҳор дошт ӯ.

  Ҳамкорӣ дар сати иқтисодӣ ва гуманитарӣ

Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон –дигар мақоми асосии он ба татбиқи таркиби иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон машғул аст. Дар аввал вазъияти мушкил ва ноустувори сиёсиву ҷамъиятиро дар кишвар ба инобат гирифта, фаъолияти Барномаи рушди СММ асосан таваҷҷуҳашро ба расонидани кумаки башардӯстона ҳамчун вокуниш ба эҳтиёҷоти фаврӣ равона кард. Инчунин дар бахши таҳкими сулҳу эътимод, мусоидат дар рушди корхонаҳои хурд ва идораи онҳо фаъолият мебурд.

Рушди устувори иқтисодии солҳои охирро дар кишвар ба инобат гирифта, СММ боз ҳам бисёртар ба Тоҷикистон ҳамчун ба кишваре, ки ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонад, аҳамият медиҳад.

Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон 

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ 1 октябри соли 1999 оид ба Соли оби тоза эълон намудани соли 2003 қабул гардида, дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Инчунин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардиданд. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон  намуд.

Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ бино ба қатъномаи МУ СММ, ки муаллифаш Давлати Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро таҷлил намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард. Ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

Ҳамкорӣ дар самти мубориза зидди маводи мухаддир

Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи пешрафта мубориза бар зидди маводи мухаддирро, ки аз барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати амал ва ҳамкорӣ иборат мебошад, татбиқ менамояд. Ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон, ки соли 1998 дар рафти иҷлосияи махсуси 20-уми Маҷмааи Умуми Созмони Милали Муттаҳид садо дода буд, аз ҷониби давлатҳои узви СММ пазируфта шуд. Дар идомаи ҳамин кӯшишҳо Тоҷикистон соли 2003 лоиҳаи Консепсияи ягонаи мубориза бар зидди маводи мухаддирро таҳия намуда, дар ниҳодҳои мухталифи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва СҲШ ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ интишор намуд. Ҳадафи асосии консепсия таъсиси сохтори ягонаи мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ дар минтақа ва саросари ҷаҳон мебошад.

Маҳз бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ниҳодии асосии мубориза бо ин хатари марговар ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат дар конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе  таъкид намуда буданд, «тайи 20 соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зиёда аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ бароварданд». Талошҳои Тоҷикистон на танҳо барои пешгирии ин хатари марговар дар кишвар, балки дар фазои пасошӯравӣ ва минтақаи САҲА низ равона шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ дар бораи Афғонистон 

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз ҷумла 24 сентябри имсол дар паёми видеоии худ дар мубоҳисаҳои умумӣ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор доштанд, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати фарогир ташкил карда шавад ва тоҷикони қавмӣ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, ба он шомил карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад».

Расидан ба ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон дар марҳалаи мазкур роҳҳои нави ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид тақозо менамояд. Бо такя ба самтҳои асосии сиёсати имрӯза ва сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳияи ҳадаф ва вазифаҳое, ки ба рушди дарозмуддати иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд, зарур мебошад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки ба  татбиқи пурра ва муассири қарорҳои дар саммитҳои байналхалқӣ ва конфронсҳои СММ бадастомада мусоидат намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвият додани нақши муттаҳидкунандаи СММ дар асри XXI мебошад ва онро ба ҳайси ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дорои салоҳияти қабул намудани қарорҳои вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ мешиносад.

Натиҷаи ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон бо СММ раисии  Сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ мебошад. Умед дорем, ки ин ҳамкорӣ заминаи рушди муносибатҳои фарогир дар соҳаҳои мухталифи оянда буда, омили тақвияти Созмон ва афзоиши нуфузи кишвари мо ҳамчун ташаббускори ғояҳои инсондӯстона ва ҷонибдори рафъи масоили умумибашарӣ мегардад.

 

Зарангзи ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ФОТЕҲИ ҚУЛЛАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ. Ва ё таҷрибаи сулҳофарии Президенти Тоҷикистон чун намунаи нодир шинохта шудааст
Ш. Исматуллозода: Сарвари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон пас аз Истиқлолият дуюмин воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик аст
ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ — РАВШАНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН. Андешаҳои мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»
МАХСУСИЯТ ВА МАҲБУБИЯТИ ПЕШВО. Суҳбати АМИТ «Ховар» бо дотсенти кафедраи ДМТ оид ба дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент
ҲИДОЯТҲОЕ, КИ РАҲНАМУНИ ПИРӮЗИҲО ШУДАНД. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ТУЛӮИ ХУРШЕДИ БАХТ. Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд
М. Сафолзода: «Иқдомоти созандаи Президенти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави бурунрафт аз қазияи Афғонистон босамар, мубрам ва прагматикианд»
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — ҶАШНИ ИФТИХОР ВА ИХЛОСМАНДӢ. Андешаҳои профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар ин маврид
«СОЗАНДАГИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТӮЛИ СЕ ДАҲСОЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин ном дар Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ. Андешаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ба муносибати Рӯзи Президент
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РОҲСОЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Таҷлили Рӯзи Президент арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд
47,3%-и шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд