«ҲИССАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ ДАР САТҲИ ПАСТТАРИН АСТ». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуданд

Октябрь 27, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд дар Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» изҳори назар намуданд.  

Иштирокчиёни мубоҳисаҳо чӣ гуна бартараф сохтани мушкилоти техникию молиявиро ҷиҳати муваффақшавӣ дар мубориза бо гармшавии глобалӣ муҳокима намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад. «Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон бар онанд, ки кам кардани ҳаҷми партовҳо ба фазо асосан аз ҳисоби идома додани истифодаи манбаъҳои бузурги энергияи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика ва энергияи офтоб муяссар хоҳад шуд. Ба ақидаи Сарвари давлат, истифодаи ҳамгироёнаи ин ду навъи неру метавонад на танҳо ба афзоиши истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи таҷдидшаванда, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар низ мусоидат намояд.

«Бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро  аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Баробари бунёди иншооти нави гидроэнергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ду зинаи дигар боло мебарояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тибқи Созишномаи Париж, чанде пеш Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави Саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод намуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии сатҳи баланд, ки дар он қариб 70 нафар аз минбари Маҷмаи умумии СММ суханронӣ карданд, дар остонаи конфронси иқлим дар Глазго, ки Президенти Тоҷикистон низ ба он даъват шудаанд, баргузор гардид. Ҳадафи аслии конфронс мувофиқа кардани тадбирҳое мебошад, ки тибқи талаботи Созишномаи Париж оид ба иқлим гармшавии глобалӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ дошта шавад.

Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”

Октябрь 27, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода