Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд баррасӣ гардид

Октябрь 19, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии Бонки исломии рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардида, дар доираи он лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо,  пеш аз ҳама, Иброҳим Шукриро ба муносибати ба вазифаи Директори нави минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ таъйин шуданашон табрик карда, ба ӯ муваффақият орзу намуд. Зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории мутақобилан судманд бо БИР сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар айни замон бо дастгирии БИР дар ҳудуди Тоҷикистон 86 лоиҳа ба маблағи 622,7 млн. доллари ИМА дар самтҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва маориф бо муваффақият амалӣ гардида истодаанд.

Завқизода Завқизода аз ҷониби Бонки исломии рушд дархост намуд, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар афзун карда шавад, ки он хуш пазируфта шуд.

Октябрь 19, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд