Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия барои таҳияи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бояд ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 ноябри соли равон Муассисаи давлатӣ-буҷавии шаҳри Москва «Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» қабули ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати таҳияи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Москва оғоз менамояд ва аз ҳамин рӯз иборат дар Маркази муҳоҷирати ягонаи вилояти Москва, воқеъ дар вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, и/п Путилково, 69 км РМҲМ (МКАД), ПТ «Гринвуд», қ 33 – 35 хизматрасонӣ роҷеъ ба таҳияи патент қатъ мегардад. Яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пештар барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Москваи Федератсияи Русия ба ноҳияи Красногорск муроҷиат менамуданд, минбаъд бояд ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» муроҷиат намоянд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».
Хотиррасон менамоем, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» дар суроғаи вилояти Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское, 64 км, Б1, қабати 47 ҷойгир мебошад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани ягон мушкилӣ метавонанд ба масъулини Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202; 2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01; 3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998; 4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161; 5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223; 6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88; 7. ш. Астрахан: +7(977)2720001. 8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






