Муовини Вазири молияи Тоҷикистон дар машварати минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар Туркия ширкат намуд

Октябрь 21, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-14 октябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия семинари минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) оид ба мониторинг ва арзёбӣ бо иштироки 50 намояндаи мақомоти давлатӣ ва кормандони лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди мазкур маблағгузоришаванда аз 11 кишвари Аврупои Шарқӣ, Шарқи Наздиқ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ чун меҳмони фахрӣ иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Юсуф Маҷидӣ дар машварат доир ба вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон  бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ сухан гуфта, аз он изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр гардид, ки шурӯъ аз соли 2008 бо ҷалби сармоягузории IFAD дар кишвар 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 80 млн. доллари амрикоӣ татбиқ гардида, шумораи манфиатгирандагон дар маҷмӯъ 300 ҳазор хонавода аз 17 ноҳияи ҷумҳуриро ташкил додааст.

Юсуф Маҷидӣ миннатдории худро ба роҳбарияти  Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои ташкили чунин машварати муфид ва даъвати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони лоиҳаҳои Фонд дар Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар машварат маросими супоридани сертификатҳо ба шунавандагони семинари омӯзишӣ бо иштироки муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

14 октябр вохӯрии муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо Директори Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Бернард Ҳиен ва Директори кишварии IFAD барои Тоҷикистон Микаэл Каутту баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тарҳрезӣ ва омодасозии лоиҳаи нави IFAD таҳти унвони «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (CASP+) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи CASP+ аз баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот, тақвият бахшидани амнияти озуқаворӣ ва рафъи осебпазирии аҳолӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим иборат мебошад, ки ба ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 пурра мутобиқат менамояд.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур ба 77,66 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ин ҳисоб сармоягузории IFAD 38,5 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҷалби ҳаммаблағгузорӣ аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз дар ҳаҷми 39 млн доллар ва аз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ 0,16 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баён доштанд.

АКС: Вазорати молия

Октябрь 21, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд