Намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани XIII Ассотсиатсияи тадқиқоти байналмилалии Русия ширкат варзид

Октябрь 18, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 октябр дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Федератсияи Русия Анҷумани XIII Ассотсиатсияи таҳқиқоти байналмилалии Русия баргузор шуд,  хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи пленарии «Рушди устувор – платформа барои муколамаи васеи байналмилалӣ» намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба робита бо созмонҳои байналмилалӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор Анатолий Чубайс, Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо (2005-2013) Паскал Лами, муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Абишогли Алиев, узви ҳайати мушовара (вазир) оид ба энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Темирбек Асанбеков, губернатори қаламрави Камчатка Владимир Солодов, декани факултаи илмҳои ҷамъиятии Мактаби олии иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, директори генералии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ Валерий Федоров тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва табодули афкор намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода зимни суханронӣ саҳми анҷуманро дар таъмини рушди устувори минтақа ва ҷаҳон, ибрози муколамаҳои васеъ дар сатҳи байналмилалӣ, баррасӣ ва ҳалли масоили байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кард.

Абдухалил Ғафурзода таваҷҷуҳи иштирокдорони Анҷуманро ба масъалаи муҳимтарини рӯз – вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷалб намуд. Ӯ тазаккур дод, ки устувории минтақа- ин устувории ҷаҳон аст. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд нисбат ба вазъи кунунии ин давлат ва шаҳрвандони он бетарафӣ зоҳир намояд.

Мавсуф аз амалҳои ғайриинсонии гурӯҳи террористии «Толибон» ёдовар шуда, дар бораи машаққати мардуми афғон, алалхусус, беҳуқуқии бонувону духтарони он ҳарф зад. Ӯ кумак ба сокинони Афғонистонро дар мубориза бо ин ҷоҳилон зарурию саривақтӣ шуморида, гуфт, ки баргузории анҷумани мазкур дар ин самт низ нақши бориз хоҳад гузошт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, мавқеи худро нисбат ба вазъи Афғонистон ва ҳукумати толибон муайян намуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин чорабиниҳои байналмилалӣ ва музокироти сатҳи олӣ, махсусан дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки бахшида ба 20-солагии ташкилоти мазкур 14-15 сентябр дар Тоҷикистон доир гардид, андешаҳояшонро дар мавриди қазияи Афғонистони баён карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, то дар ҳалли қазияи Афғонистон кумак намоянд.

 АКСҲО аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Октябрь 18, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид