ҲОДИСА. Дарафтодани паланги тездандон ба гову гӯсфандон дар Бадахшон

Октябрь 21, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 21.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Ин ҳодиса аз афсонаву филмҳои гузашта набуда, балки дирӯз, 20 октябр, воқеан дар як деҳаи дурдасти Бадахшон рух додаст. Як бабр (паланг) аз кӯҳ ба деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим поин шуда, дар оғили як сокини ин деҳа 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва ду сар чорвои калони шохдорро захмӣ кардааст.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал нест. Як сол пеш, 10-11 октябри соли 2020 низ як бабри барфӣ  ба хоҷагиҳои  ноҳияи Рӯшон ҳамла оварда, 12 сар чорвои хурди сокинони деҳаи Хичези ҷамоати Бартанги ноҳия  Саодатқадам Таваккалов ва Давлатшоҳ Дастамбӯевро ба ҳалокат расонда буд. Сипас ин бабри барфӣ боздошт шуд, муддате онро нигаҳбонӣ карданд ва баъдан ба кӯҳҳои ноҳияи Мурғоб бурда  сар доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, бабри барфӣ ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудааст ва  шикору нобудсозии он манъ аст.  Ин ҳайвон аз гунаи дар ҳоли нестшавӣ буда, давлат барои ҳимояи насли он  тадбирҳо меандешад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, 70 фоизи паҳншавии бабри барфӣ ба ҳудуди Бадахшон ва Помир рост меояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба хотири ҳимояи молу чорво ва одамон аз бабри барфӣ чанд тавсияи кутоҳро пешниҳод  намуд:

– набояд ҳайвоноти хонагӣ беназорат бимонанд. Чорвочаронӣ бояд дар ҳавои рӯшан, на торику туман ва на шабона сурат гирад. Ҳамеша чӯпон бо моли худ гардад  ва ин чӯпон бояд ҳатман бо василаҳои ҳимоя ва мубориза бо ҳайвонҳои ваҳшӣ мусаллаҳ бошад. Шабона молҳо бояд дар макони амн ва боэътимод  нигоҳбонӣ карда шаванд;

– фермаҳо, гӯсфандхонаҳо, молхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ҷойгиранд, бояд бо девори баландиаш на камтар аз 2,5 метр иҳота шуда бошад. Садди сохташуда бояд гӯсфандону говонро аз ҳар гуна ҳамлаҳои ногаҳонии дарандаҳо ҳифозат карда тавонад. Бояд ба чарогоҳҳои тобистона диққати бештар дод ва онҳо низ бояд ҳатман гирдогирд девор гиронда шудаву шабона ҳифозат карда шаванд. Тавсия дода мешавад, ки аз усулу равишҳои тарсонидани бабрҳо истифода кунанд;

– ҳамаи ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд сӯзондаву нобуд карда шаванд;

–  дар кулбаи шикорчиён, дар бошгоҳҳои тобистонии чорво бояд ҳатман сагҳои хонагиву чӯпонӣ вуҷуд дошта бошанд. Дар ин ҳол сагон низ бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии бабрҳо ҳифозат шаванд. Аз ин рӯ бояд барои сагон паногоҳе сохт, масалан гузаргоҳи танг, сагхонаи муваққатӣ, ки барои бабр дастрас набошад.

Илова бар ин, ҳудудҳои хонаву ҳавлиҳои сокинони он деҳаҳое, ки дар макони зисти бабрҳо, бахусус он хонаводаҳое, ки дар канори ин гуна рустоҳо ҳаёт ба сар мебаранд, деворҳои на пасттар аз 2,5 метр дошта бошанд.

                                                                           София ШОИКОВА,
                                                                              АМИТ «Ховар»

                                                               АКС аз манбаҳои боз

Октябрь 21, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад