Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо дар Италия иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 10 октябр дар шаҳри Олбияи Италия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар чемпионати мазкур 504 нафар варзишгарон (292 писар, 212 духтар) аз 73 давлат ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба намуди гӯштни дзюдо дар ҳайати 7 нафар ба Италия сафарбар гардидааст: Абубакр Шеров ва Анушервон Қувватов дар вазни -66кг,
Саидраҳим Раҳимов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни -81кг,
Раҳматулло Мирзоев дар вазни -90кг ва Эмомризо Анварзода ҳамроҳ бо Мансур Раҳмонов дар вазни -100кг дар мусобиқаи мазкур иштирок мекунанд.
Рӯзи аввал (6 октябр) қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг миёни духтарон, -60кг, -66кг миёни писарон доир мегарданд. Дар рӯзи дуюм (7 октябр) духтарон дар вазнҳои -57кг, -63кг, писарон дар вазни -73кг байни ҳам рақобат мекунанд. Дар рӯзи сеюм (8 октябр) шоҳиди сабқати духтарон дар вазни -70кг, писарон дар вазнҳои -81кг, -90кг хоҳем шуд. Рӯзи чорум (9 октябр) духтарон дар вазнҳои -78кг, +78кг ва писарон дар вазнҳои -100кг, +100кг миёни ҳам гӯштин мегиранд.
Ёдрас мешавем, ки варзишгарони мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни ҷавонон се медал гирифтаанд. Соли 2019 дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ӯ ҳамчунин соли 2017 дар шаҳри Загреби Хорватия медали биринҷӣ ба даст овард.
Темур Раҳимов низ соли 2017 дар вазни -100кг сазовори медали биринҷӣ гардида буд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад






