Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи «Зартеппа»-и ноҳияи Муъминобод шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи «Зартеппа»-и деҳоти Деҳибаланд шинос шуданд.
Дар мавзеи “Зартеппа” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони токзор дар мавзеи “Зартеппа”, ки зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад, дар ин ҷо хоҷагидорон навъҳои серҳосили маҳаллии ангури ба иқлими минтақа мутобиқро парвариш менамоянд.
Дар гузашта ин мавзеъ ба хоҷагии “Мичурин” мансуб буд, ки аз ҳисоби истеҳсоли ангури хушсифат дар қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати зиёд дошт.
Бинобар таъсири баъзе аз омилҳо майдони токзор рӯ ба нестӣ овард.
Бо соҳибистиқлол гаштани мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” зиёда аз 50 гектар майдони токзор барқарор гардида, мутахассисон корҳои агротехникии қаторҳо, насб намудани сутунпояҳо, кашидани ноқилҳои байни қаторҳо барои бастани ниҳолҳои токи ангур ва дигар тадбирҳои вобаста ба фаровонҳосилиро анҷом додаанд.
Дар токзори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарон бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Аснои мулоқот бо зиёда аз 40 нафар ятимону бепарасторон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хониши хубу аъло, забономӯзӣ ва аз худ намудани донишҳои замони муосир ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ятимону бепарасторон тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.









Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ






