Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон толори пазироии меҳмонони олимақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Октябрь 7, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави толори вакилони расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ карда шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматрасонӣ муҷаҳҳаз ва шароити муосиру мувофиқ барои мусофирону меҳмонон фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки бинои толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то ба имрӯз таъмиру таҷдид нашуда буд. Ҳадаф аз тачдиду муҷаҳҳазгардонии бинои мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муҳайё сохтани шароити муосири хизматрасонӣ барои мусофирон маҳсуб меёбад.

Дар толори вакилони расмии фурудгоҳ баъди навсозӣ нахустин чорабинӣ — мулоқоту суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин кӯдакон, ки ба ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона ва бо меҳри падарона суҳбат намуданд.

Пешвои миллат ба ҳар яки ин фарзандон туҳфаҳо — сару либос ва маблағи пулӣ тақдим доштанд.

Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархурдоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд, дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархосту хоҳиши ин фарзандонро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд бояд то ба воя расидану ба ҳаёти мустақил гусел кардан таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор дошта бошад.

Ифтитоҳи толори пазироии меҳмонони олимақом дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 07.10.2021

Октябрь 7, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад