Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз сӯи Афғонистон ҳушдор доданд

Октябрь 15, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 15.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бӯҳрони низомию сиёсӣ дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишварҳои ИДМ мебошад. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс изҳор доштанд.

«Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст», иброз доштанд Сарвари давлат.

Ба ақидаи Пешвои миллат, ба сари қудрат омадани гурӯҳи «Толибон»*  вазъро дар ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон боз ҳам печидатар кардааст.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар онанд, ки «ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст».

Қаблан, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз ҷумла 24 сентябр дар паёми видеоии худ дар мубоҳисаи умумӣ дар Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошта буданд, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати фарогир ташкил карда шавад ва тоҷикони қавмӣ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, дар он шомил карда шаванд.

*«Толибон» – ташкилоти террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо мамнуъ аст

                        АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»   

Октябрь 15, 2021 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид