Прокуратураи генералӣ: 9538,5 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд

Октябрь 19, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  9 моҳи соли равон мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 5176 санҷиш гузаронида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 254070 адад санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, 670 млн. сомонӣ маблағи зарари расонидашуда барқарор карда шуд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 86,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.  Инчунин 3367 cap чорво дар асл барқарор карда, 9538,5 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 3019 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки аз онҳо 223 ададашон дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои  характери коррупсионӣ мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре Прокуратураи генералӣ иттилоъ додааст, 13 октябр таҳти раёсати  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Юсуф Раҳмон ва иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ҷаласаи  ҳайати мушовараи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти ин мақомот  дар 9 моҳи соли 2021 таҳлилу ҷамъбаст карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур зикр гардид, ки дар  давраи ҷамъбастӣ мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намуда, корро дар тамоми самтҳои назоратӣ самаранок гардонида, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мамлакат корҳои муайяне ба сомон расонид.

Таъкид гардид, ки  баҳри  ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, сохти конститутсионӣ ва асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амният, пешгирии терроризму экстремизм, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ диққати асосӣ  дода, қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва баҳри ба таври воқеӣ бартараф намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин маълумот дода шуд, ки ба баррасии саривақтию босифати муроҷиатҳои шахсони воқеию  ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо диққати махсус дода шуда, дар 9 моҳи соли 2021 860 нафар шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 136 муроҷиати шифоҳӣ ва тариқи Интернет — қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 153 муроҷиати шахсони воқеию  ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба мақомот 35055 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 2503 шаҳрвандон барқарор карда шуданд.

Дар ҷаласа бо натиҷаи баррасии масъалаҳо ба раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои поёнӣ ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорй, бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолият супоришҳои судманд дода шуда, дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Акс аз бойгонии АМИТ “Ховар”

Октябрь 19, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи Барномаи муштараки «Тағйири низомҳои озуқаворӣ барои беҳтар намудани сифати ғизо» қабул шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад