Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Данғара бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои навтаъсиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти даввлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои кормандон туҳфаи арзанда ба ҳисоб меравад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 бо ҷалби беш 80 нафар коргарону мутахассисони маҳалӣ оғоз гардида, он дар муҳлати пешбинишуда бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муосири Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии корӣ бунёд ёфта, аз 24 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона, китобхона, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бино аз 6 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он барои ҷалби коргарону мутахассисон ба китобхонӣ, аз ҷумла мутолеаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва соҳавӣ китобхонаи замонавӣ ва дар қисми дигар равзанаи ягона ҷиҳати қабул ва сари вақт анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ ташкил гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин мебошанд.
Бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара бо системаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар фасли зимистон тавассути ангишт гарм карда мешавад.









Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд






