35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Данғара муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак бунёд карда мешавад

Июль 30, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сохтмони  якчанд иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар ноҳияи Данғара сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Масъулон иттилоъ доданд, ки иншоот бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон ва коҳиши норасоии ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард.

Инчунин дар деҳоти Сафобахш сохтмони муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва панҷ хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон идома дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар пули нави мошингузари ноҳияи Данғара низ оғоз гардидаанд. Бунёди пули мошингузар барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, таъмини ҳаракати бехатару бемамониати нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар деҳоти Хуррамзамин сохтмони муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Сохтмони он бо риояи пурраи меъёрҳои шаҳрсозӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 30, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав 297 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 14 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъат мегирад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 143 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шудаанд