Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Хуҷанд: Омодагӣ ба давраи зимистон дар сатҳи зарурист

Октябрь 23, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 23.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 доир ба баҳрабардории таҷҳизот дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд ба миқдори 2,5 тонна равғани трансформаторӣ, 8 адад трансформатори иқтидорашон гуногун, 2 адад истгоҳи трансформатории минтақӣ, 2 км ноқили буришашон гуногун, дигар таҷҳизоти барқӣ ва равғанҳои молиданиву маводи сӯзишворӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст, иттилоъ доданд ба мухбири  минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода масъулини филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд.

Баҳри фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 имрӯзҳо аз тарафи филиали ҶСК  «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд дар доираи супориши роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати таъмини боэътимоди корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо неруи барқ дар самти истеҳсолию техникӣ  корҳо ҷараён доранд.

Аз ҷумла, барои бартараф намудани қитъаҳои дорои  садаманокӣ ва кам намудани талафоти неруи барқ аз ҷониби барқчиёни шаҳр ноқилҳои сербори хатҳои интиқоли барқӣ иваз карда шуда, шохаҳои дарахтоне, ки ҳангоми боду борон боиси  садама мегардиданд, тоза карда шуданд.

Инчунин баҳри фаъолияти пурраи шабакаҳои барқӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар зеристгоҳҳои барқии «Нурофар»-110/35/10 кВ, «Зарин»-110/10 кВ, «Ваҳдат»-110/10 кВ, «Абӯали ибни Сино»-110/6 кВ, «Ҷанубӣ»-35/6 кВ, «Шабафрӯз»-35/6 кВ ва «Ситора»-35/6 кВ ва 12 адад нуқтаҳои тақсимотӣ корҳои таъмири асосӣ, дар 366 адад истгоҳҳои трансформаторӣ корҳои таъмири ҷорӣ ва таъмири асосӣ гузаронида шуда, 3 адад истгоҳҳои трансформатории ИТ-31, ИТ-169 ва Т-1 ИТ-1 аз шиддати 6 ба 10 кВ гузаронида, 4 адад трансформаторҳои иқтидорашон гуногун барои давраи зимистон омода карда шуданд.

Ҳамчунин  оид ба омода намудани шабакаҳои барқӣ зиёда аз 2100 метр хатҳои кабелии -6/10кВ ва 617 метр хатҳои кабелии 0,4 кВ хобонида шуда, ба трансформаторҳои иқтидорашон гуногун зиёда аз 3 тонна  равғани  трансформаторӣ илова карда шуд.

Ҳамзамон барои бо барқ таъмин намудани маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳр, аз ҷумла, маҳаллаи 28 ва 14-15 насби ИТМШ бо трансформатори иқтидораш гуногун  насб гардида,  баҳри бо барқи боэътимод таъмин намудани сокинони маҳаллаи 33 як адад ИТМШ бо трансформатори 400/10кВ насб гардида, барои баланд бардоштани эътимоднокӣ дар истгоҳи трансформатории №31 ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таҷдидӣ гузаронида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки низоми энергетикии вилояти Суғд аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва шаш шабакаи барқии минтақавӣ бо фарогирии 18 шабакаи шаҳру ноҳиявӣ иборат аст.

АКС аз филиали ҶСК  «Шабакаҳои тақсимоти барқ»

Октябрь 23, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод