Ширкати сохтмонӣ зарари дар натиҷаи сўхтор ба муҳоҷирони тоҷик расидаро ҷуброн менамояд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябри соли 2021 дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ, ки дар назди метрои «Рассказовка»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад. Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамин макони оташгирифта иқомат мекарданд. Дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафарашон ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд.Зимни суҳбат бо роҳбарияти иншооти мазкур Симонов А.А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта карда мешавад, хабар дод ба АМИТ “Ховар” масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода.
Каримҷон Салимзода ҳамчунин изҳор дошт, ки бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, оқибати зарари расида ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва оқибатҳои рафъи мушкилоти дар натиҷаи сухтор ба миёномадаро муҳокима намуданд.
Маълум гардид, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст. Ҳамчунин роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намуданд.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






