СИТОРАҲОИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР САҲНАИ ПАРИЖ. Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Франсия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

Октябрь 12, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 12.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж доир мегарданд, ки дар он ҳайати иборат аз 82 нафар ҳунарпешагон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ таҳти  роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов санъату ҳунари миллии тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Дар ин бора  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ аз ҷониби ҳунармандони хушсадо Давлатманди Хол, Адҳам Холиқов, Файзалӣ Ҳасанов, Раҳматулло Ҳошимов, Давлат Назрӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонзода, Ситораи Кароматулло, Тахмина Ниёзова, Фирдавс Ҳошимов, Амирҷон Рӯзиев, Ҷаннатулло Абдуллоев, ансамблҳои созҳои миллӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро» ва «Гулрез» пешниҳод мегарданд.

Дар даромадгоҳи қароргоҳи ЮНЕСКО  намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ки фарогири таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро Муфарраҳ Муҳаббатов ва тарроҳ Хуршед Сатторов пешниҳод менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки бори охир  санъаткорони маъруфи тоҷик ҳанӯз соли 2005 дар чунин як ҳамоиш ширкат ва дар саҳнаи Париж дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Франсия Жак Ширак ҳунарнамоӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки  пагоҳ дар Музеи Гимей — Осорхонаи  санъати Шарқи   шаҳри Париж бузургтарин намоиши осори таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад, ки то 10 январи соли 2022 идома  хоҳад ёфт.

                                                                        Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
                                                                                   АМИТ “Ховар”

                                                                                             АКСҲО аз манбаҳои боз

Октябрь 12, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд