Сулаймон Зиёзода ва Бекир Пакдемирлӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Вазири кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Туркия Бекир Пакдемирлӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Мулоқоти Сулаймон Зиёзода бо Бекир Пакдемирлӣ дар доираи ҷаласаи 8-уми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот оид ба вазъи ҳозира ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, масъалаҳои муътадил гардонидани муносибатҳои иқтисодии байнисоҳавӣ, ки ба афзоиши истеҳсолот мусоидат мекунанд, инчунин ҳавасмандгардонии ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва дигар тадбирҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1992 ба узвияти Созмони ҳамкории исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ ва соли 2007 ба Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ пазируфта шудааст.
АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ








Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд






