ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, чоршанбе, 286-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 13, 2021 08:00

13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.

***

5 сол пеш, 13 октябри 2016 дар шаҳри Ереван Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд.

13 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ.

***

Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Рӯзи фермерҳо дар ИМА.

РӮЙДОДҲО:

13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар давлати мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

***

13 октябри соли 1964 Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис дода шуд.

***

15 сол муқаддам, 13 октябри соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.

***

13 октябри соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки   аз соли 1902 расман ҳамчун «Қасри сафед» номгузорӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.

***

13 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян  дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

***

Соли 1972 ҳавопаймои Шӯравӣ Ил-62 дар қарибии Москва ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб меёфт.

Октябрь 13, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, чоршанбе, 293-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, сешанбе, 292-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, душанбе, 291-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, якшанбе, 290-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, шанбе, 289-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, ҷумъа, 288-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, панҷшанбе, 287-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, сешанбе, 285-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, душанбе, 284-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, якшанбе, 283-юмин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, шанбе, 282-умин рӯзи соли 2021 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, ҷумъа, 281-умин рӯзи соли 2021 аст