ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, якшанбе, 276-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 3, 2021 08:00

3 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

8 сол пеш, 3 октябри соли 2013 20-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони хадамоти андози давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Минск баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи   байнипарлумонии  Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

3 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия- рӯзи муттаҳидшавии Германияи ягона.

***

Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Корея.

***

Созмондиҳии Рӯзи умумиҷаҳонии Иттифоқҳои касаба.

***

Рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ироқ.

РӮЙДОДҲО:

 3 октябри соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри XXI» баргузор гардид.

***

3 октябри соли 1961 ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти украинӣ дар Тоҷикистон.

***

115 сол муқаддам, 3 октябри соли 1906 рӯзи умумиҷаҳонии тасдиқи бонги хатар дар баҳр, маъруф ба «SOS» муқаррар карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии федеративии Германия ва Германияи демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 ташкил ёфтанд.

***

3 октябри соли 1992 варзишгари итолиявӣ Мауритсио Дамилано рекорди ҷаҳонии дар айни замон амалкунандаро аз намуди дар ду соат 29 км 572 м роҳ рафтан асос гузошт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1952 дар Лос-Анҷелес нахустин сабти тасвир дар лентаи магнитӣ сурат гирифт.

***

Соли 1993 Ҳайдар Алиев бо касби 98,8% овозҳо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.

Октябрь 3, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш