Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалиро даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тадбирҳои фаврӣ андешанд

Октябрь 28, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шакли 6+1 бо иштироки Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ зикр кард, ки вазъи мушкили имрӯзаи Афғонистон аз ҳамсояҳои наздиктарин тақозо мекунад, ки барои барқарории сулҳу субот дар ин кишвар талоши бештар кунанд.

Вазъияти душвори ин кишвар, ба гуфтаи вазир, ҳоло на танҳо барои мардуми Афғонистон, балки яке аз мушкилоти шадиди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ шудааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳама гуна шаклҳои қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Тоҷикистон дар ин рӯзҳои душвор барои Афғонистон, ки тамоми мардуми афғон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад, бетараф буда наметавонад.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳридин, Тоҷикистон ҳамеша аз барқарории сулҳу субот дар Афғонистон пуштибонӣ мекард ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.

Аз вазъи вилояти Панҷшер, инчунин набудани асосҳои демократӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон ҳамеша аз таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми қувваҳои  иҷтимоӣ ва этносиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекард.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот ҳарчӣ зудтар тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Дар хотима изҳороти муштарак ба имзо расид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Октябрь 28, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад