Тоҷикистон ва Туркия Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдоро омода месозанд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик Харитаи роҳ оид ба бамаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Туркияро омода созанд. Масъалаи мазкур имрӯз дар мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол матраҳ шуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси Гурӯҳи корӣ доир ба омодасозии Харитаи роҳ оид ба бамаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Туркия, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия беш аз 16 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.
Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Туркия барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






