ТОЛИБОН БОРИ АВВАЛ ЭЪТИРОФ КАРДАНД. Дар шимолу шарқи Афғонистон ҷангҳои шадид идома доранд

Октябрь 18, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Якбора чанд манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллии зиддитолибон дар бораи задухӯрдҳое, ки аз субҳи ҷумъа, 15 октябр дар водии Андароби вилояти Балх дар шимолу шарқи Афғонистон идома доранд, хабар доданд, изҳор медорад АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU.   

«Дар айни замон дар Андароб миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҷанги шадид идома дорад. Аз ҳарду ҷониб талафот дида мешавад, вале шумораи дақиқи қурбониён маълум нест», — омадааст дар иттилоияе, ки дар Твиттер ҷойгир карда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъҳо, задухӯрдҳо дар қаламрави вулусволиҳои Пули-Ҳисор ва Деҳ-Салоҳи вилояти Бағлон сурат мегиранд, толибон беш аз 60 талафоти ҷонӣ дида, ақибнишинӣ кардаанд, миёни ҷангиёни Ҷабҳа низ талафот вуҷуд доранд. Аз кушта шудани ду қумандони саҳроии онҳо хабар дода мешавад.

«Толибон»* бори аввал далели мавҷуд будани задухӯрдро дар водии Андароб эътироф кард. «Дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон дастикам се фармондеҳи калидии озодихоҳони Панҷшер кушта шуданд»,-хабар дод 15 октябр сардори маркази матбуоти вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Сайёд Хостӣ. Вай дар ин бора  дигар сухан нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои толибон дар Твиттер эълон кардааст, ки Атоуллоҳ Умарӣ фармондеҳи корпуси Мазори Шариф таъйин шудааст. Ситоди ин корпус дар пойгоҳи собиқ корпуси 209-уми артиши миллии Афғонистон «Шоҳин», ки дар канори Мазори Шариф, маркази вилояти Балх воқеъ буда, масъули амният дар шимоли кишвар буд, ҷойгир шудааст.

Дар давраи хуруҷи неруҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон тобистони соли 2021, толибон қисми зиёди кишварро тақрибан бидуни ҷанг забт карданд. 15 август онҳо вориди Кобул шуданд, ки аз он ҷо Ашраф Ғанӣ ва вазиронаш гурехтанд. Сипас, ду ҳафтаи дигар толибон ба вилояти Панҷшер ҳуҷум карданд ва 6 сентябр аз забти ин водӣ хабар доданд.

Аммо, намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди толибон иддао доранд, ки радикалҳо бо кумаки авиатсияи Покистон тавонистанд танҳо дараи асосии Панҷшерро ишғол кунанд, ҳамаи 23 дараи дигари минтақа таҳти назорати Ҷабҳа қарор доранд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар баробари панҷшериён муқовимати мусаллаҳона бо толибонро дар водии Андароб, дар вилояти ҳамсояи Бағлон низ ташкил кардааст.

То ҳол толибон далели ҷараён доштани задухӯрдҳо дар Панҷшер ва Андаробро рад мекарданд.

__________________________

* «Толибон» — ташкилоти террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

                                                                            АКС:INTERFAX.RU.

Октябрь 18, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст