Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид

Октябрь 6, 2021 16:48

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Зодаи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва донишҷӯи Коллеҷи муттаҳидаи ҷаҳонӣ (United World College) дар Сингапур Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маводҳои дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашршуда.

Ҷоизаи «Духтарони Осиё» ҳамасола аз ҷониби Бунёди «Боғи умеди Сингапур» (Garden of Hope Foundation) ба занон ва духтарони фаъоли Осиё тақдим мешавад, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм мегузоранд.

Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳилаҳои интихобӣ ҳунарҳои нав омӯхта, инчунин аз фаъолияти нависандагияш дар Осиёи Марказӣ хабар додааст.

Ӯ тасмим дорад, ки достонҳои навиштаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китоб нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки Бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайридавлатиест, ки  дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Зебо Фурқатзода хатмкардаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ҳамчунин  дар озмуни  «Хонандаи соли 2019» дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм  гардида буд.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Октябрь 6, 2021 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид