20 талабаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия иштирок доранд

Ноябрь 4, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд  ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар  шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд, иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар».

Олимпиадаи мазкур  аз  рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ доир шуда, аз 1 то 7 ноябр идома меёбад.

 Ба иттилои  директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова, 20 нафар хонандагони литсей моҳи сентябр ба даври финалии озмун роҳхат гирифта, бо даъвати кумитаи тадорукоти озмун ба шаҳри Анталияи давлати  Туркия сафарбар карда шуданд.

Роҳбарии гурӯҳро ҷонишини директори муассисаи мазкур Марворид Бобохўҷаева ва омўзгор Мирзозокир Султонов бар уҳда дошта, хонандагон 2, 4 ва 6 ноябр аз рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ дар олимпиада иштирок менамоянд.

Дар  олимпиадаи «International olympiad Antaliya 2021»  беш аз 2000 иштирокчӣ аз  27 давлат иштирок  менамоянд.

Соли гузашта низ 20 нафар хонандагони литсейи мазкур  дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби  14 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии дониш 13 сол инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ баргузор шуда, яке аз озмунҳои бонуфузтарин  миёни хонандагон ба шумор меравад. Соли 2020 бинобар хуруҷи пандемияи   COVID — 19 озмун тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, соли равон  хонандагон барои иштирок дар 17 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз 15 олимпиадаи ҷаҳонӣ 156 медал ба даст оварда, дар миқёси ҷумҳурӣ аз зумраи беҳтаринҳо ҳисобида шуданд.

 АКСҲО аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Ноябрь 4, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид