Зимистони метеорологӣ чист? Дар моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоме, ки ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ ба 0 баробар ва аз 0 пасттар мегардад, онро зимистони метеорологӣ меноманд.
Тавре дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева гуфт: «зимистони метеорологӣ» истилоҳи марбут ба илми метеорология буда, ин мафҳумро мутахассисони бахши обуҳавошиносӣ дар фаъолияташон истифода менамоянд. Дар мавсими сармо вақте ки ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ ба 0 баробар ва аз 0 пасттар мегардад, онро зимистони метеорологӣ ва ҳангоме, ки ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ аз 0 баланд шавад, онро тобистони метеорологӣ меноманд.
Зимистон дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябр дар кӯфта буд
Дар иртибот ба саволи мо ки зимистони метеорологӣ кай ба Тоҷикистон мерасад, Ҷамила Байдуллоева гуфт, ки зимистони метеорологӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ба таври гуногун фаро мерасад. Ҳоло дар баъзе минтақаҳои шимол ва шарқи Тоҷикистон -Бадахшон, аз ҷумла Мурғоб, инчунин Лахш, Сангвор, ағбаҳои қисмати шимоли Тоҷикистон — Анзоб, Шаҳристон ва дар маҷмӯъ, дар баландиҳои беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр мавсими сардӣ ҳукмфармо буда, дар ин минтақаҳои баландкӯҳ ҳанӯз моҳи октябр барф борида буд ва ҳарорати ҳаво -7, -12 ва то -20 дараҷа сард гардид. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки зимистони метеорологӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон вобаста ба иқлим ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар вақтҳои гуногун меояд.
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Метеорологи тоҷик зикр намуд, ки ҳавои моҳи ноябр дар Тоҷикистон мутобиқи меъёр пешгӯӣ карда мешавад. Дар кӯҳҳо вазъи миёнаи ҳаво аз 1 то 3 дараҷа гарм шуда, дар баландкӯҳҳо боридани барф пешгӯӣ гардида, аз 5 то 10 дараҷа сард мешавад, дар водиҳо борон пешгӯӣ шуда, ҳаво аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад, инчунин дар баъзе қисматҳои кӯҳии водиҳо боридани барф пешгӯӣ мегардад.
Моҳи ноябр дар минтақаҳои баландкӯҳи аз 2500 то 3 000 метр аз сатҳи баҳр баланд, назири Мурғоб, Булункӯл, Сангвор, инчунин ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон барф меборад.
Аксҳо АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз









Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






