АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 4-5 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст

Ноябрь 2, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 4-5 ноябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст, иттилоъ доданд аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

4 ноябр дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. 5 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои вилояти Суғд бориши бошиддат ба амал омада, бадшавии дурии биниш аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

4 ноябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-10 дараҷа паст мешавад.

5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»