«БА ДУШАНБЕ ПАРВОЗ КАРДА, БА ҲАЙРАТ АФТОДАМ, КИ ОДАМОН ДАР ОН ҶО ЧӢ ГУНА КОР МЕКУНАНД». Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханони сарвари Беларусро дар бораи сафари охиринаш ба Тоҷикистон бетаваҷҷуҳ нагузоштанд

Ноябрь 18, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 сентябри соли 2021 Беларус бори нахуст Рӯзи ваҳдати миллӣ — иди ҳамбастагии мардуми  худро таҷлил намуд. Ин ид ба воқеаҳои соли 1939, ки он замон Беларус заминҳои ғарбии худро бозпас гирифт, рабт дорад. Иди нави давлатӣ, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Беларус № 206 (аз 7 июни соли 2021) таъсис дода шудааст, ба чорабинии ҳарсола табдил хоҳад ёфт.

Ҳамоишҳои идона дар саросари мамлакат баргузор гардиданд. Дар чаҳорчӯби он дар Минск форуми неруҳои парвар  бо номи «Рамзи ваҳдат» доир шуд, ки бо иштироки Сарвари давлат Александр Лукашенко  сурат  гирифт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханони сарвари Беларусро дар бораи Тоҷикистон, ки ӯ зимни суханронӣ дар ин форум изҳор дошт, бетаваҷҷуҳ нагузоштанд.

«Ман ба ин ҳамоиш, тавре мегӯянд, аз разм ба базм* (с корабля на бал*) омадам, — гуфт Александр Григоревич. — Ман худи ҳозир сарзамини Тоҷикистони дӯстро тарк карда, инҷо омадам. Кишвари бениҳоят зебо! Мутаассифона, танҳо 4-5 фоиз [замини ҳамвор] ҳаст, ки дар он зиндагӣ карда ва аҳли байтро хурондан мумкин аст. Қариб даҳ миллион нафар одам, аҳолии босуръат рӯ ба афзоиш. Боқимонда –ҳама кӯҳ. Ба Душанбе борҳо парвоз карда, ба ҳайрат меафтам, ки одамон дар он ҷо чӣ гуна кор мекунанд. Ҳар як ваҷаб [замин] – ба мисли чумча ё  чангаки барои хӯрдани хӯрок омодакардашуда —  хеле хуб  ба тартиб оварда шуда, босамар истифода бурда мешавад! Зеро зиндагӣ ва накӯаҳволии мардум аз  замин  вобаста аст.

Дар атроф вазъият ногувор: Афғонистон бори дигар нотинҷ шуд. Сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳазору чорсад километр,  айнан ба ҳадди  сарҳади миёни мо бо Украина аст. Кишваре, ки ду даҳсола пеш дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ хароб гашт ва дӯсти ман Эмомалӣ Раҳмон бори маъулияти онро бар дӯш гирифт, танҳо [ба наздикӣ] ба боло сар афрохтану рушд кардан оғоз намуд. Сокинон танҳо соли гузашта ба кадри кофӣ неруи барқ гирифтанд. Зиндагӣ душвор аст,  вале мардум дар он ҷо ҳамаи душвориҳоро  паси сар мекунанд».

Дар робита ба ин Александр Лукашенко беларусҳоро даъват кард, ки ба манфати Ватани худ содиқона хизмат кунанд, он чиро, ки доранд, ҳифз кунанд: «Агар мо ҳама чизи доштаро аз даст диҳем, аз бало эмин нахоҳем монд!».

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр Президенти Беларус А.Лукашенко дар саммити сарони кишварҳои узви СААД, ки таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе доир шуд, ширкат варзида, худи ҳамон рӯз ба Ватан баргашт ва  дар форуми неруҳои ватанпарвар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Беларус иштирок намуд.

Қаблан Лукашенко дар маросими супоридани шиноснома ба наврасон дар Қасри истиқлол дар Минск бо чунин суханон ба ширкаткунандагон муроҷеъ шуда буд:

«Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, дар лофи ватандорӣ нест. Ҳарчанд, албатта,  дар ин бора ҳамеша бояд сухан гуфт. Ваданӯстӣ — ин кори ҳаррӯза ба манфиати Ватан, ҳифзи анъанаҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва беҳдошти зиндагии мардум аст».

                                                              АКСҲО: АИ «БелТА»/АМИТ «Ховар»

__________________________

* «Аз разм ба базм» («С корабля на бал») — якбора тағйир ёфтани шароит. Сарчашмаи ин ибораи пурмазмун романи А. Пушкин «Евгений Онегин», ч. 8, банди XIII: «Ӯ баргашт ва мисли Чацкий аз разм ба базм расид». Тавзеҳи АМИТ «Ховар».

Ноябрь 18, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад