БА ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ РОҲ НАДИҲЕД! Ду мард барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба занон ҷазои маъмурӣ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як нафар зан дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Муайян гардид, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, санаи таваллудаш 19 июни соли 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Восеъ 111, нисбат ба собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатовар истифода мебурдааст. Чунончӣ, ӯ 15 ноябри имсол нисбат ба собиқ ҳамсараш амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда Ҳасан Муқумов тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ намуд.
Инчунин дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 1 августи соли 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки мавсуф 16 ноябр дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбат ба ӯ зӯровариро истифода кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Амоналӣ Ҷайлобов санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбат ба номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуда, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёту оиладории солим фаъолияти ҳамаҷониба ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи фаъолияти самараноки ин ниҳоди мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зӯроварӣ дар оила ошкор ва нисбат ба поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, ҳамзамон оилаҳои зиёде аз хатари ҷудошавӣ наҷот дода шудаанд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва манбаъҳои боз








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






