Бахшида ба 27-солагии Конститутсия бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ҳисор мулоқот доир гардид

Ноябрь 5, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин барои ҳамкории судманд бо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ба Раиси шаҳри Ҳисор Ифтихорнома ва ба китобхонаи шаҳрӣ ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба КИ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

4 ноябр  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия- шиносномаи миллат» бо роҳбарону фаъолони шаҳри Ҳисор конференсия доир гардид, ки дар он  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода, шоир Муҳтарам Ҳотам ва раиси  шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия Шарифҷон Ҷумъазода зикр намуд, ки асоси давлатдории ҳар ҷомеаи мутамаддин, бахусус Тоҷикистон- ин Конститутсия мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи арзишҳои миллӣ, нақши Конститутсия дар ҷомеаи муосири тоҷик, ҳифзи озодии инсону шаҳрванд ва амалӣ шудани қонунҳо дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим маърӯза кард. Аз ҷумла, мавсуф гуфт, ки “рафтору амали шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, зеро яке аз аркони калидии кишвари ҳуқуқбунёди моро Қонуни асосӣ ташкил медиҳад. Бешак, нақши Конститутсия дар пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон назаррас буда, риояи он барои шаҳрвандони кишвар ҳам фарзу ҳам қарз аст. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷавонону наврасон омӯзонем ва онҳоро дар доираи риояи қонунҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо тарбия намоем. Албатта, донистани Конститутсия на танҳо барои баланд шудани маърифати ҳуқуқӣ, балки маърифати сиёсӣ низ мусоидат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳояшон зикр менамоянд, мо танҳо дар ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ метавонем Ватани азизамонро ободу зебо гардонем ва барои наслҳои оянда зиндагии орому осуда боқӣ гузорем. Пас мо бояд  бо ҳидоятҳои роҳнамоикунандаи Пешвои миллат барои шукуфоӣ ва ободии Тоҷикистони маҳбуб ҳисса гузорем”.

Маҳмад Раҳимзода иброз намуд, ки  «дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 барои мардуми мо санаи тақдирсози миллат мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷониби дигар, риояи талаботи Конститутсия барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмист. Дар сурати риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст».

Шоир Муҳтарам Ҳотам оид ба таърихи қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар таърихи миллати тоҷик, аз ҷумла аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки Куруши Кабир  навишта буд, андешаҳои худро баён кард.

Дар қисмати охири вохӯрӣ намояндагони касбу кори гуногун, аҳли ҷамоат, занон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Ҳисор ба сухан баромада, ваъда доданд, ки барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба талош менамоянд ва дар ободиву пешрафти диёри худ саҳм мегузоранд.

 АКСҲО:  Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд