БМТ: Пулҳои коғазии намунаи соли 2021 ба муомилот бароварда мешаванд

Ноябрь 18, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Пулҳои коғазии барориши соли 2021 бо  қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2021 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” сурат гирифта, ҳадафаш    таъмини иқтисодиёти кишвар бо нишонаҳои пулӣ мебошад.

Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500- сомонии намунаи соли 2021 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки  дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100,   200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ    меандешад.

Мавриди зикр аст, ки пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сомонӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябри  соли 2000 ба муомилот бароварда шудааст.

Сомонӣ — асъори миллии  мамлакат ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст.

АКСҲО: БМТ

Ноябрь 18, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд