Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад

Ноябрь 15, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби  Қазоқистон, ки 16 ноябр дар варзишгоҳи «Остона-Арена», соати 18:00 баргузор мешавад, вориди шаҳри Нур-Султон шуданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Ба бозии дӯстонаи дарпешистода сармураббии муваққатии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Мубин Эргашев 21 бозингар, аз ҷумла ҳашт легионерро бо худ бурд. Ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон дар меҳмонхонаи «Park Inn By Radisson» ҷой гирифтааст. Хотиррасон мешавем, ки  шоми  имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Остона-Арена» тамрини пеш аз бозӣ баргузор мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи  мунтахаби  Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Мубин Эргашев

                                             АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Чаҳор довар аз Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) ҳакамӣ менамоянд