Дар Ашқобод ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Пагоҳ, 28 ноябр дар пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии бисёрҷониба дар доираи Созмон, пеш аз ҳама, рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитӣ дар минтақа, пешбурди «иқтисоди сабз» ва ҷорӣ намудани инноватсия баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин қабули санади ҷамъбастии ҷаласа дар назар аст.
Дар ҳошияи ин ҷаласа як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба нақша гирифта шудаанд.
СҲИ сохтори минтақавии бисёрҷониба буда, соли 1985 ба хотири мусоидат ба рушди равобити наздики иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои минтақа таъсис ёфтааст.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи 14-уми сарони давлатҳои аъзои СҲИ, ки 4 марти соли равон таҳти раёсати Президенти Туркия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, пешниҳод намуд, ки ҷаласаи 15-ум 28 ноябри соли 2021 дар Ашқобод гузаронида шавад. Он замон Туркманистон раёсат дар СҲИ-ро ба уҳда гирифт.
«Пешниҳод менамоям, ки ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲИ дар Ашқобод 28 ноябри соли 2021 — дар Рӯзи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор карда шавад ва инчунин аз ҳамаи Шумо, ҳамтоёни азиз, даъват менамоям, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласа ба пойтахти Туркманистон ташриф оред», — гуфта буд Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.
СҲИ созмони минтақавии иқтисодии байнидавлатӣ мебошад. Соли 1964 ба унвони Созмони ҳамкории минтақавӣ барои тавсеаи ҳамкории Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, соли 1985 дубора ҳамчун Созмони ҳамкории иқтисодӣ сабтином шуд. Соли 1992 Тоҷикистон дар баробари Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба ин созмон шомил шуд.
АКС: Turkmenportal








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






